Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки давоми се соли наздик дар доираи Барномаи давлатии қарзҳои беруна наздики 777 млн. доллар маблағ ҷалб намояд. Ҳамин тариқ, соли 2019 ҷалби 261,8 млн., соли 2020 – 255,9 млн. ва соли 2021 – 258,6 млн. доллар маблағ дар назар аст.
Барномаи давлатии қарзҳои хориҷӣ айни замон аз 75 лоиҳаи амалкунандаи қарзӣ ва 67 созишномаи қарзии дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарордошта иборат аст.
Арзиши умумии қарзҳои азхудшуда тибқи Барномаи мазкур то санаи 1 январи ҳамин сол 990 млн. долларро ташкил медиҳад.
Давоми соли равон азхудкунии воситаҳо дар доираи ин Барнома дар ҳаҷми 121,4 млн. доллар пешбинӣ шудааст.
Қарзҳо барои анҷоми лоиҳаҳое, ки дар кишвар мавриди амалишавӣ қарор доранд, ҷалб мешаванд. Қарзгир ҳукумат буда, лекин онро субъектҳои хоҷагидори кишвар бармегардонанд.
Ба сифати маблағгузорони асосӣ ба Барнома давоми се соли наздик Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва Бонки осиёгии рушд баррасӣ мешаванд.
Ҳукумат аз иштироки Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар маблағгузории 17 лоиҳа дар ҳаҷми умумии наздики 177 млн. доллар интизорӣ дорад.
Бонки аврупоии таҷдиду рушд пешниҳоди қариб 75 млн. доллар барои амалисозии 24 лоиҳаро баррасӣ дорад.
Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани беш аз 135 млн. ва Бонки осиёгии рушд – зиёда аз 70 млн. доллар маблағро дар нақша доранд.
Ҳамчунин аз маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби Фонди Саудии рушд, Фонди Кувейтии рушд, Бонки содиротӣ ва воридотии Чин, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва дигар кишварҳову созмонҳои мададрасон низ интизорӣ меравад.
Дар доираи амалисозии ин Барнома даволми солҳои сипаришуда Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Бонки содиротӣ ва воридотии Чин – беш аз 237 млн., Бонки аврупоии таҷдиду рушд – зиёда аз 85 млн. ва Бонки исломии рушд – наздики 73 млн. доллар маблағ гирифтааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста