Занон дар Тоҷикистон ба мушкилоти зиёде, ки ба онҳо ҷиҳати иштироки ҳамаҷониба дар тиҷорати байнулмилалӣ имкон намедиҳад, дучор мешаванд, гуфта мешавад дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон: Тиҷорати фаромарзӣ дар андозагирии гендерӣ”.
Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки густариши тиҷорати байнулмилалӣ барои коҳиши миқёси фақр, афзоиши имконоти шуғл ва болоравии даромад, бахусус барои заноне, ки дар бахшҳои содиротӣ кор мекунанд, муҳим аст.
Аммо муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки занон дар Тоҷикистон бо мушкилоти мухталиф рӯбарӯ ҳастанд, ки монеи ширкати комил дар тиҷорат мешаванд.
Ин монеаҳо ба мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот, истифодаи пардохтҳои электронӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои электронӣ, пешакӣ анҷом додани расмиёти эъломияи мол, машварат бо ҳукумат, инчунин ба иштирок дар иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ё соҳавӣ марбутанд.
Барои бартараф намудан мушкилот ба ҳукумати Тоҷикистон роҳандозии тадбирҳоизерин тавсия мешавад:
- суръат бахшидан ба татбиқи пурра ва самараноки Созишнома бо Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар самти соддагардонии тиҷорат;
— таҳким ва пешбурди фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти тиҷорат;
- беҳтар намудани дастрасӣ ба муқаррарот ва қоидаҳои танзимкунандаи реҷаи сарҳадӣ;
- беҳбуди машваратҳои мунтазами расмӣ байни давлат ва бахши хусусӣ, бахусус бо корхонаҳое, ки занон ба онҳо роҳбарӣ мекунанд;
- баррасии қоидаҳои расмии ҳалли арзу шикоят ва ба таври дастрасу фаҳмо расонидани ин маълумот ба ҳамагон;
- таҳким ва пешбурди низоми эъломия ва фароҳам овардани зерсохтори мувофиқ дар мақомоти гумрук ва дигар мақомоти сарҳадӣ;
- беҳтар намудани хидматрасонии зерсохторӣ ва шароити мусоид дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ;
- ҷалби бештари занон ба кор ва беҳтар намудани шароити кор дар гумрук ва дигар мақомоти сарҳадӣ, инчунин дар постгоҳҳои сарҳадӣ;
- беҳтар кардани дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар тиҷорат.
Дар доираи таҳқиқот аз моҳи март то ноябри соли 2022 дар байни 401 ширкати тиҷоратии фаромарзӣ ва 31 брокер (даллолҳо)-и гумрукӣ назарсанҷӣ гузаронида шудааст.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста