Байни ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Саудии рушд (Арабистони Саудӣ) созишномаи қарзӣ ба имзо расид, ки дар он маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” аз ҷониби ин фонд пешбинӣ шудааст.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, созишнома аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Фонди Саудии рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад ба имзо расид.

“Ҳадафи асосии созишнома ин иштирок дар маблағгузории сохтмони иншооти НБО «Роғун» ҷиҳати таъмини нерӯи барқи барқароршаванда барои афзоиши истеҳсоли «нерӯи сабз» ва пешбурди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон мебошад”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Файзиддин Қаҳҳорзода ва Султон Абдулраҳмон ал-Маршад
Сурат: Вазорати молияи ҶТ

Мувофиқи қарордод, Фонди Саудии рушд барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” дар ҳаҷми 100 млн доллар қарз медиҳад. Дар бораи шартҳои додани қарз, аз ҷумла меъёри фоизӣ, муҳлати пардохти қарз маълумот дода намешавад.

Ба ин тариқ, ин Фонд аввалин миёни фондҳои рушд дар ҷаҳон шуд, ки ҷиҳати идомаи амалисозии лоиҳаи неругоҳи “Роғун” маблағ ҷудо мекунад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябр сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар бораи омодагии Фонди зикршуда ҷиҳати ҷудо кардани қарз ба Тоҷкистон дар ҳаҷми 375 млн риёли саудӣ (100 млн доллар) барои идомаи сохтмони неругоҳ хабар дод.

Пеш аз ин, нимаи моҳи августи соли равон вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод, ки то охири соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби маблағгузории иловагӣ барои сохтмони неругоҳ бевосита гуфтушунидҳоро бо сармоягузорони имконпазир оғоз мекунад.

Вазир таъкид кард, ки дар мавриди ҷалби бархе аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ: Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ва дигар ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ аллакай тавофуқ ҳосил шудааст.

Моҳи январи соли равон Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ кумаки бебозгашти молиявиро ба маблағи 15 млн доллар баҳри баланд бардоштани самаранокии татбиқи лоиҳаи неругоҳи “Роғун” маъқул шуморид.

Моҳи феврал ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳа дар ҳаҷми 150 млн доллар қарзи имтиёзнок бо таркибҳои грант бо Бонки исломии рушд тавофуқ ҳосил шуд. Инчунин зикр шуд, ки Бонк ин маблағро то 250 млн доллар зиёд карданист.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ дар бораи аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (Чин) пешниҳод гардидани қарзи имтиёзнок ба маблағи 500 млн доллар хабар дода шуд.

Айни замон идомаи амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ таъмин мешавад: аз оғози сол бо ин мақсад зиёда аз 3 млрд сомонӣ ҷудо шудааст. Аз оғози барқарорсозии корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург дар соли 2008 то имрӯз ба НБО Роғун беш аз 35 миллиард сомонӣ (бо қурби имрӯза қариб 3,2 млрд доллари ИМА) ҷудо карда шудааст.

Маълумотнома оид ба НБО Роғун:

НБО Роғун аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар неругоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.