Дар таърихи 30-юми январи соли равон,  бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд 5 нафар ҳалок ва 5 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон бистарӣ шуданд.

Тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазораи корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, садамаи нақлиёт дар километри 123-юми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, дар мавзеи Сафедорак ба вуқӯъ пайвастааст.

«Нимаи рӯзи 30-юми январ ронандаи мошини тамғаи «Dulon», сокини ноҳияи Истаравшан Ғаниҷон Обидов, соли таваллудаш 1983, ҳангоми ҳаракат аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба мошини тамғаи ВАЗ-21099, таҳти идораи ронанда Абдуфаёз Воҳидов, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Айнӣ бархўрда, сипас ба мошини тамғаи «Mitsubishi Pajero», таҳти идораи ронанда Довуд Халилов, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Панҷакент бармехӯрад», -гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа мошини мазкур ба ҷарии 30-35 метр сарозер рафта, дар дарёи Фон ғарқ шудааст. Ронанда Д. Халилов дар дарё ғарқ шуда, ҷасадаш то ҳанӯз дарёфт нашудааст. Панҷ нафар мусофирони дигари ин мошин, сокинони ноҳияи Панҷакент, ки миёнашон кӯдакони хурдсол ҳузур доштанд. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бистарӣ гаштаанд. Мусофирони дигар, сокинони ҳамин ноҳия Умарбек Додхоев  ва Ҷавоҳир Амиров дар дарёи Фон ғарқ шуда, ҷасади онҳо дарёфт карда нагардидааст. Дар ҷойи ҳодиса аз гирифтани ҷароҳатҳои гуногун мусофир Озода Халилова (сокини ноҳияи Панҷакент) ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ҷасади боз як ҷавонзан, мусофири Mitsubishi Pajero» аз об бароварда шуда, айни замон шахсияташ муайян карда мешавад.