Чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли 2011 дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон (ISAF) кор мекард, рӯзи 11-уми феврал дар музофоти Зобули Афғонистон ба садама дучор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, бар асари садама ҳамаи чор нафар аъзои ҳайати халабонон, хизматчиёни нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мулдофиаи ҶТ ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, яке аз фавтидагон - сардори ҳайати халабонон писари муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-майори нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ Вячеслав Грудино мебошад.

«Тавассути чархболи мазкур ба манотиқи кӯҳии душворгузари Афғонистон борҳои башардӯстона кашонида мешуданд», - гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, айни замон сабабҳои ба садама дучор шудани чархбол таҳқиқ мешаванд. «Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, замони ба садама дучор гардидани чархбол дар музофоти Зобул тӯфони шадиде ҳукмфармо будааст», - таъкид кард манбаъ.