Шоми дирӯз дар километри 69-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ (мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб) тарма фаромада, он ба қатъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ боис гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, субҳи имрӯз дар ин мавзеъ корҳои тозакунии роҳ аз барф оғоз гардиданд.

«Дар корҳои тозакунии роҳ техникаи КҲФ ва МГ ва ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки ба идораи механизми толлингии роҳи Душанбе-Чаноқ машғул аст, истифода мегардад», - гуфтанд дар кумитаи мазкур.

Бар асари фаромадани тарма талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Нимаи имрӯз барқарор шудани ҳаракати нақлиёт тавассути ин қитъаи роҳ маълум хоҳад шуд.