Соати 09:40 дақиқаи имрӯз қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон ба садама дучор шуд. Дар қатора 200 нафар наваскарон ва афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.

Як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин қазия хабар дод, ки панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шудааст. Бар асари садама 33 нафар ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз талафоти ҷонӣ хабар дода намешавад.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаи Ғаллаарал бистарӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дар натиҷаи садама 12 нафар, аз ҷумла як роҳбалади қатора низ ҷароҳати сабук бардоштаанд.

Қобили зикр аст, ки робита тавассути роҳи оҳан миёни манотиқи ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ танҳо тариқи қаламрави Ӯзбекистон имконпазир аст.

Дар шарҳи сабабҳои имконпазири садама дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зикр карданд, ки ҳолати техникии қатора қаноатбахш буда, сабаби садама ба ин марбут нест.

Манбаъ бинобар сабаби вазъи нохуби зерсохтори роҳи оҳани кишвари ҳамсоя ба садама дучор шудани қатораро аз эҳтимол дур намедонад.