Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муассисаҳои тиббии вилоят ташриф оварда, аз хизматчиёни ҳарбие, ки дар садамаи қатори Душанбе - Конибодом ҷароҳат бардоштаанд, ҳолпурсӣ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, Қоҳир Расулзода зимни боздид дар беморхонаи вилоятӣ бо вазъияти  7 нафар сарбозон шинос гардида, бо таъминоти онҳо ба доруворӣ ва маводи ғизойӣ мароқ зоҳир намуд. Тавре аён гардид, дар ин беморхона шароити зарурӣ  барои табобат муҳайё гардида, табибон ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.  Ҳамчунин дар беморхонаи шаҳрӣ низ 6 нафари дигар аз осебдидагони садама  бистарӣ шудаанд.

Бино ба иттилои сардори идораи тандурустии вилоят С. Собиров, ки  бар раиси вилоят гузориш дод, аз ҷумлаи ин 13 нафар вазъи саломатиии ҳамагӣ як нафар миёна арзёбӣ гардида, ҳолати он ҳам баъди ҷарроҳӣ  акнун соат ба соат беҳтар мегардад.  Ин масъули соҳаи тандурурстӣ аҳволи боқимондаҳоро хуб арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки аксари онҳо каму беш лат гирифтааанд ва имкон дорад тайи 2-3 рузи минбаъда аз бемористон  берун шаванд.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз госпитали ҳарбии шаҳри Чкалов низ дидан карда, бо ҳолу аҳволи сарбозони захмгирифта, ки дар инҷо бистарӣ шудаанд, шинос гардид. Ба гуфтаи табибон ҳолати сарбозони дар госпитали ҳарбии Чкалов буда, хуб аст ва ба онҳо ёрии амаливу равонӣ дар сатҳи зарурӣ расонида мешавад. Дар госпитали ҳарбии Чкалов 25 нафар  бо бардоштани захмҳои гуногуни сабук айни ҳол дар назорати духтурон қарор доранд.

Хотиррасон мекунем, ки қатори ҳомили мусофирон, аз ҷумла сарбозон, ки аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд ҳаракат мекард, субҳи 10 октябр дар қаламрави вилояти Ҷиззахи Узбакистон ба садама дучор шуд. Шоми ҳамон рӯз осебдидагон ба вилояти Суғд расонида шуданд, ки ба қабули онҳо масъулони ниҳодҳои дахлдор баромада, ба осебдидагони садама ёрии аввалин расонидаанд.