Се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла ду нафар наврасон бар асари як садама дар шоҳроҳи Р-23 Петербург - Невел дар вилояти Пскови Русия осеб диданд. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар медиҳанд.
Хабаргузории «Интерфакс» дар ин робита менависад, нимашаб дар километри 301-уми шоҳроҳи Петербург - Невел ронандаи автомашинаи тамғаи «Фолксваген Каравелла» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ берун ва ба симчӯб бармехӯрад. Бар асари ин садама сокинони Тоҷикистон - зани 43-сола ва наврасони 16 ва 14-сола осеб дидаанд.
«Осебдидагон ба бемористони вилоятии Псков оварда шуда, ба ҳаёту солимии онҳо чизе таҳдид намекунад», - иттилоъ медиҳад хабаргузории «Псковское агентство информации» .
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста