Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҷониби судҳо 6 ҳазору 167 санади иҷозати ҳабс, кофтуков ва баргузор намудани дигар чораҳои тафтишотӣ (соли 2010 – 3 ҳазору 677) дода шудааст.
Тавре раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов хабар дод, барои ба ҳабс гирифтан 3 ҳазору 878 (соли 2010 – 2 ҳазору 491) санад дода шуда, дар 129 ҳолат бо сабабҳои гуногун додани додани санади ба ҳабс гирифтан рад карда шудааст.
З.Азизов қайд кард, ки интиқоли ҳуқуқи додани санади ба ҳабс гирифтан аз мақомоти тафтишотӣ ба мақомоти судӣ иқдоми муҳимест дар татбиқи барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар кишвар.
«Дар партави роҳандозии демократия дар ҷомеа ин иқдоми муҳимест, зеро дар ин сурат боздоштшуда (гумонбаршуда, айбдоршаванда) дар сурати норизо будан, метавонад аз болои санади иҷозати ба ҳабс гирифтан шикоят барад», - гуфт ӯ.
Дар посух ба суол бобати танҳо ба дурустии таҳияи қарор дар бораи ба ҳабс гирифтан эътибор додани судяҳо, номбурда гуфт, «129 ҳолати рад шудани додани санади ба ҳабс гирифтан гувоҳи он аст, ки судяҳо ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекунанд».
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста