Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афсари олирутбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, корманди 37-солаи кумитаи зикршуда дар рутбаи подполковник дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шудааст.

«Ҳангоми кофтукови боздоштшуда аз ӯ бастаи селлофанӣ дарёфт шудааст, ки дар дохилаш 4,5 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабисӣ мавҷуд буд», - гуфт манбаъ.

Зикр мегардад, ки боздоштшуда муовини фармондеҳи яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ будааст. Вазифаҳои кори тарбиявӣ бо ҳайати шахсӣ, масъулият нисбат ба риояи интизому қонуният миёни сарбозон ба дӯши ӯ вогузор гардида будааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.