Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии парванда оид ба далели марги корманди шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобили пойтахт Равшан Шарифов оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» падари марҳум Шодӣ Шарифов хабар дод, бо анҷоми дубора бозбинии парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ хулосаи айбнома содир карда шуд. Мутобиқи он, Одинаев Озодбек ва Мирҷонов Саидмухтор дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 237, қ. 2, б. «б», «в», «г»,  (Авбошӣ), 32, қ. 3-320, қ. 2 (Суиқасд ба додани пора), 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат) ва 108, қ. 1 (Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор моҳи апрели соли равон рух дод. Нозири БДА аз ҷониби ду тан аз сокинони шаҳри Душанбе бераҳмона латукӯб гардида буд. Ӯ дар роҳи кӯчаи Н. Қарабоев автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и мутаалиқ ба Саидмухтор Мирҷонови 30-соларо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ бозмедорад. Дар дохили автомашина Озод Одинаеви 26-сола низ ҳузур доштааст. Ҳангоми омодасозии санад дар бораи қонуншикании маъмурӣ, ронанда ва мусофири автомашина пиёда шуда, ба латукӯби нозири БДА оғоз мекунанд. Дар натиҷа Равшан Шарифов ба беморхона мунтақил гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.

Дар таърихи 26-уми июли соли гузашта директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки кормандони агентӣ дар парвандаи бозшуда аз ҷониби мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбат ба амали ду нафар ҷавонон бобати то ба қатл расидан латкӯб кардани корманди БДА Равшан Шарифов як қатор тақаллубкориҳоро ошкор сохтаанд. Парванда ҷиҳати бозбинии дубора ба Прокуратураи генералӣ ирсол шуда буд.