Дар вилояти Суғд барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини шаҳри Хуҷанд ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Рафиқ Исматови 30-сола соли 2006 ба ҷурми содир намудани ҳамин ҷиноят ба муддати 6 соли зиндон маҳкум шуда, вале худи ҳамон сол тибқи қонуни афв ба озодӣ баромада буд.

Раиси мурофиаи судии мазкур муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Одилбой Усмонов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, суд ӯро дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 200, қ. 4 (Гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақсади ба каси дигар додан) ва 289, қ 2 (Қочоқ, интиқоли маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ тавассути марз) гунаҳкор дониста, ба муддати 15 сол бо мусодираи амвол равонаи зиндон кард. Бо истифодаи аз қонуни афв муҳлати ҷазо ду сол кам карда шуд.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки моҳи сентябри соли 2010 Исматов тавассути хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Маскав 1,8 кило героинро ба пойтахти Русия интиқол доданӣ будааст. Барои интиқоли маводи нашъаовар ӯ ду зан - шаҳрвандони Қирғизистонро истифода кардааст. Зимни азназаргузаронии гумрукӣ занҳо боздошт шуда, маводи нашъаовар аз дохили либоси онҳо дарёфт мегардад.

Пас аз ин ҳодиса Исматов дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, таҳти пайгарди қонунӣ эълон гардида буд. Моҳи июни соли 2011 ӯ аз ҷониби мақомоти инизомии Қазоқистон боздошт шуд.

Парвандаи ҷиноии шаҳрвандони Қирғизистон дар суди ноҳияи Шаҳристон баррасӣ шуд. Раиси суди ноҳияи мазкур Хуршед Сангинов дар робита ба ин масъала гуфт, ҳарду зан – Гулчеҳра Турбахунова ва Қуйсин Холиқова моҳи ноябри соли 2010 ба 12,5 соли зиндон маҳкум шуда буданд ва айни замон тибқи қонуни афв озод карда шудаанд.