Рӯзи 17-уми феврал дар суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷаласаи нахустини судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии марбут ба марги Баҳромиддин Шодиев доир гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои тафтишоти ҳодисаи марги Шодиев, ки рӯзи 30-юми октябри соли 2011 дар Маркази миллии тиббӣ ба ҳалокат расид ва ӯ ба он ҷо аз ШКД ноҳияи Шоҳмансур оварда шуда буд, ба собиқ муфаттиши шӯъбаи мазкур Абдураҳмон Додов мутобиқи моддаи 322, қ. 2-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) айбнома пешниҳод гардид.

Ҷаласаи судӣ таҳти раёсати судя Сурайё Ҷобирова баргузор шуд. Дар оғоз хулосаи айбномаи прокурор қироат карда шуд. Дар он зикр гардид, ки Баҳромиддин Шодиев аз тирезаи утоқе, ки дар он аз ҷониби муфаттиш Додов бозпурсӣ мешуд, худро ба берун афканда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт. Ба гуфтаи прокурор, боздошти Шодиев бо вайрон кардани меъёрҳои мурофиавӣ, бидуни тартиб додани протокол сурат гирифтааст.

Ду нафар собиқ кормандони фаврии шӯъба Диловар Муродов ва Алишер Иноятов, ки Шодиевро боздошт намуда буданд, дар ҷаласа ба сифати шоҳид баёнот дода, изҳор карданд, ки онҳо Шодиевро рӯзи 18-уми октябр ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиҳо боздошта, ба шӯъба овардаанд. Рӯзи дигар ҳангоми бозпурсӣ дар кабинети муфаттиш ӯ худро аз тиреза ба берун партофта, гурехтанӣ буд, вале ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, бар асари он ба ҳалокат расид.

Модари ҳалокшуда Ниёзбибӣ Бӯриева ин фарзияро рад сохта, изҳор кард, ки писараш дар беморхона ба ҳуш омада, ба ӯ мегӯяд, ки кормандони милиса бераҳмона ӯро латукӯб карда, бо сими барқ мавриди шиканҷа қарор додаанд. «Агар ӯ ҷинояте ҳам содир карда бошад, бигзор дар чаҳорчӯби қонун тафтишот шуда, ҷазо мегирифт», - гуфт вай.

Судшаванда Абдураҳмон Додов айбро ба гардан нагирифта, изҳор кард, ки дар чаҳорчӯби қонун амал кардааст.

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи ҷониби ҷабрдида гуфт, тафтишот ғайриобъективӣ ва якҷониба сурат гирифт. «Мо аз ҷараёни тафтишот норозием. Нисбат ба собиқ командони фаврӣ Диловар Муродов ва Алишер Иноятов, ки ба сифати шоҳид дар ин ҷо ҳузур доранд, парвандаи ҷиноӣ қатъ гардид ва иқрори софдилонаи онҳо ба ин асос шудааст. Мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то ки аз болои ин қарор шикоят барем», - иброз дошт вакили мудофеъ.