Ахири моҳи феврали соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз якчанд кӯшишоти амали даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, зимни баргузории амалиётҳои муваффақона аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 4 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла 3 кило ҳашиш ва 1 кило героин мусодира шудааст.

«Ҳамин тариқ, дар ҷараёни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар пойтахти кишвар ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 25-сола ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуда, зимни кофтукови шахсии ӯ ҳудуди 3 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар агентӣ.

Амалиёти навбатиро кормандони шӯъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ноҳияи Мурғоб доир намуданд. Ин раёсат аз моҳи октябри соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар ин ҷо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир кормандони раёсати агентӣ дар роҳи мошингарди Мурғоб-Хоруғ сокини 32-солаи маҳаллиро боздошт намуда, ҳангоми кофтукови шахсии ӯ як бастаи дорои 1 кило героинро дарёфт ва мусодира намуданд.

Зикр гардид, ки аз рӯйи далелҳои ошкоршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд. Айни замон ҷиҳати муайян кардани дигар афроди дар ин ҷингоятҳо дастдошта тадбирҳо андешида мешаванд.