Дархости адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов ҷиҳати гузаронидани ташхиси ДНК барои муайян кардани эҳтимоли падар будани зерҳимояи онҳо нисбати кӯдаке, ки модараш ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, бидуни посух боқӣ монд. Ин дархост ҳанӯз аввали моҳи август пешниҳод шуда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати айбдоршаванда Исҳоқ Табаров хабар дод, мақомоти тафтишот дархости онҳоро қонеъ накарда, танҳо ташхиси биологӣ гузаронидааст, ки он мувофиқат дар гурӯҳи хунро муайян карда, вале ба мушаххас намудани эҳтимоли падарӣ ба кӯдак кӯмак намекунад.

«Баррасии парвандаи Зайд Саидов аллакай ба итмом расида, шояд имрӯз ҷиҳати баррасии минбаъда ба Прокуратураи генералӣ фиристода шавад. Мо ҷиҳати баргузории ташхиси ДНК исрор варзидем, вале ин ташхиси муҳиму ҳалкунанда гузаронида нашуд», - зикр кард Табаров.

Адвокат қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки баргузории ташхиси ДНК дар Тоҷикистон ғайриимкон аст ва дар ин робита, онҳо омодаанд, ки ҳамаи хароҷоти баргузории он дар хориҷи кишварро ба зиммаи худ гиранд. Номбурда ҳамчунин гуфта буд, дар сурати қонеъ шудани дархосташон, ташхис шояд дар Олмон гузаронида шавад ва арзиши он ҳудуди 1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов аз мақомоти тафтишот дархост кардаанд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падар будани зерҳимояи онҳо нисбати кӯдаке, ки модараш ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, ташхиси ДНК гузаронида шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар маросими рӯбарӯкуниии рӯзи 13-уми август соҳибкори маъруф Зайд Саидов духтареро, ки ба таҷовуз ба номусаш ӯро айбдор медонад, нашинохт. Зимни вохӯрӣ Зайд изҳор кард, ки ин духтарро бори аввал мебинад ва қаблан ӯро намешинохт, аммо духтар ӯро шинохта ба гунаҳкор кардани ӯ дар таҷовуз ба номусаш идома дод.