Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2630-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоир Искандаров хабар дод, моҳи майи соли равон хизматчии ҳарбии қисми низомӣ сержант Аббосзода Ҷонибеки Давлатбек тибқи маслиҳати пешакӣ бо ҳамхизматаш Ҷӯрабек Шаймонов сарбоз С.С.-ро мавриди лату кӯб қарор дода, нисбати ӯ ҳар гуна таҳқирро раво дидаанд.

Нисбати Аббосзода Ҷонибеки Давлатбек ва Ҷӯрабек Шаймонов прокуратураи ҳарбӣ мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «в»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи судшавандагон исбот шуд. Суд онҳоро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор эътироф карда, Аббосзода Ҷонибеки Давлатбекро ба 2 сол ва Ҷӯрабек Шаймоновро ба 1 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум намуд.