Адвокатҳои Зайд Саидов, соҳибкори ба 26-соли зиндон маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров имрӯз, 26-уми декабр барои намояндагони васоити ахбори умумии ватаниву хориҷӣ конфронси матбуотӣ баргузор карданианд.

Вақт ва макони баргузории вохӯрӣ бо рӯзноманигоронро ҳимоятгарони соҳибкор барои монеъа эҷод нашудан ба мулоқот ифшо намесозанд. Ҳимояи Зайд Саидов дар бораи андешаи худ нисбати ҳукми содиршуда ва нақшаҳои минбаъдаи марбут ба парвандаи соҳибкор маълумот хоҳанд дод.

Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд.

Рӯзи мурофиаи судии охирин кормандони милиса издиҳоми дар назди тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гирдомада ба мурофиаи судии соҳибкор Зайд Саидовро пароканда карданд. Миёни гирдомадагон кӯдакон ва хешону наздикони Зайд Саидов низ ҳузур доштанд.