Аз оғози соли равон дар қатори дигар воҳидҳои дахлдори ВКД занон-кормандони милитсияи тоҷик велосипедсавор рӯзона ба таъмини амният ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон шурӯъ намуданд.

Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷалолиддини Садриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳайати ин милисазанон 10 нафар кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе шомил буда, ба ҷуз таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аҳолӣ дар маҳалҳо ва ошкор намудани кӯдакони гумшуда низ аз ҷумлаи вазифаҳои онҳо ба шумор меравад.

Ба гуфтаи ӯ, ин занон ахири соли гузашта дар маркази омӯзишии ВКД дар курсҳои шашҳафтаинаи омодагии «Баланд бардоштани мақомии зан дар сохтори тартиботи ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Дафтари САҲА дар ҶТ гузаронида шуд, таълим гирифтанд.  Зимнан зикр гардид, ки онҳо бо малакаҳои дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоте, ки мардуми Тоҷикистон бо онҳо бештар дучор мешавад, аз қабили хушунати хонаводагӣ, худкушӣ миёни занон, зӯроварӣ дар байни ҷавонон, хариду фурӯши одамон ва ғайра омӯзонида шуданд.