Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комил Рашидов барпо гардид.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҷории муносибатҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаи мӯътамад аз ҳукумати ҷумҳурӣ, ахири моҳи феврал дар Душанбе баргузор намудани ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Интизор меравад, ки дар ин ҷаласа ҳайати Ӯзбекистонро муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва ҳайати Тоҷикистонро котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров сарварӣ хоҳанд кард.

Айни замон миёни кишварҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи ҳудуди 80%-и марзи давлатӣ мувофиқа ҳосил шудааст.