Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири захираҳои обӣ ва энергетикаи Покистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Саид Навид Камар мулоқот кард.

Таврек аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни мулоқот қайд гардид, ки соли сипаригаштаи 2011 ҳарду ҷониб тавонистанд як қатор чорабиниҳои муҳимро ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада гузаронанд. Ҳамин тавр, тарафҳо зикр сохтанд, ки Бонки миллии Покистон бахши худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард.

Дар рафти вохӯрӣ таваҷҷӯҳи махсус ба пиёдасозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дода шуд.

 Сипас, ҷонибҳо таъкид сохтанд, ки Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (26-27 марти соли 2012, ш. Душанбе) метавонад иқдоми хеле муҳиме дар ҷодаи ба эътидол овардани вазъ ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон шавад, ки дар ин махсусан ҳарду кишвар, Тоҷикистон ва Покистон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад ҳастанд, манфиатдор мебошанд. Вазир Саид Навид Камар ҳавасмандӣ ва омодагии худро баҳри иштирок дар ин конфронс зоҳир намуд.

Ҷонибҳо ба тавофуқ омаданд, ки то охири соли 2012 дар Исломобод ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ баргузор хоҳад шуд.