Чанде қабл  мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ, Аълоҳазрат амир Абдулазиз ибни Абдулло ибни Абдулазиз Ал Сауд доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ табодули назар карданд.

Омодагӣ ба имзо расонидани як қатор санадҳои дуҷониба, ки дар навбати худ нуктаи муҳиме дар масъалаи созмондиҳии мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар сатҳи болотар мебошад, қайд гардид.

Сафири тоҷик А. Юлдошев ба Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ даъватномаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистонро ба номи Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ ҷиҳати иштирок дар Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (26-27 марти соли 2012, Душанбе) тақдим намуд.