Шоми рӯзи 24 июн дар толори бузурги меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик маросими муаррифии китоби арзишманди таърихии сарвари давлат «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони арабӣ баргузор гардид.

Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, муаллифи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маросим суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт: “Ба иншои китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» даст заданам, тасодуф набуда, амри ногузири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар ин даврони нав мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта чун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав ва ваҳдати мардуми кишварамон эҳтиром мегузорем”.

Президенти Тоҷикистон ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудани чор ҷилди ин китобро “рӯйдоди муҳим дар ҷодаи густариши робитаҳои судманди илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои араб” номида, ба мутарҷимон ва ноширони он арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Сипас вазири иттилооти Давлати Кувайт, сармушовири Девони Амир доктор Абдулло ал Маътук сухан гуфта, дастраси мардуми арабзабон гардидани ин китоби пурмуҳтаворо рӯйдоди пурарзиш номид.

Муовини вазири авқофи Давлати Кувайт Одил Абдулло ал Фаллоҳ зимни суханронии худ, аз ҷумла ёдовар шуд, ки тоҷикон қадимтарин мардуми муқими Осиёи Марказӣ буда, фарзандони фарзонаи он дар ташаккул ва рушди тамаддуни инсонӣ ва исломӣ дар ин минтақа ва кулли ҷаҳон нақши намоён гузоштаанд.

Дар маросими муаррифии китоби Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Кувайт Абдулҳодӣ Алаҷмӣ суханронӣ карда, нақши таърихии ин китобро басо баланд арзёбӣ кард.