Тафсилоти бештари ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт: «Тоҷикистон дар симои Иттиҳоди Аврупо шарики муътамади худро дар арсаи байналмилалӣ мебинад ва мо хоҳони тавсеаи ҳамёрии пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо ин ниҳоди бонуфуз ҳастем».

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои идоракунии захираҳои обу энергетика, таъмини амнияти энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист, тавсеаи имкониятҳои нақлиётию транзитии минтақа, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои калидии иҷтимоию гуманитарӣ - маориф, тандурустӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии он зоҳир гардид.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки талабу пешниҳодҳои мушаххаси Тоҷикистон дар Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014 – 2020 ба назар гирифта мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчунин як зумра меҳмонони олимақомро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти нахустин бо Вакили Парлумони Аврупо, роҳбари Гурӯҳи вакилони Парлумон оид ба масъалаҳои об хонум Кристина Гутиерес баргузор гардид. Зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда, аз сатҳ ва муҳтавои он рушди муносиботи ҳасана изҳори қаноат карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки мавқеи созандаи Тоҷикистон доир ба масоили обу энергетика дар арсаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо ҳарчи бештар мавриди дарки дуруст ва дастгирӣ қарор мегирад, арзи қаноатмандӣ намуд.

Изҳор гардид, ки “дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон манфиати тамоми кишварҳои ба мо ҳамсояи минтақа чӣ аз лиҳози таъминот бо об ва чӣ бо нерӯи барқ ба назар гирифта шудаанд”. Ҳамчунин таъкид гардид: “Агар нерӯгоҳҳо ва обанборҳои Тоҷикистон намешуданд, дар кишварҳои поёноб аз худ кардани миллионҳо гектар замин ғайриимкон мебуд”.

Кристина Гутиерес изҳор дошт, ки “Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла сохтори парлумонии он мусоидати хешро барои эҷоди фазои муносиб баҳри тавсеаи ҳамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ минбаъд низ дареғ нахоҳад дошт”.