Имрӯз дар қароргоҳи ҳукуматии «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба кор шурӯъ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи кор конфронс, ки то соати 11 идома меёбад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Баъди он ҷаласаи умумии сатҳи баланд ва сипас як қатор ҷаласаҳо дар мавзӯъҳои «Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои рушди инсонӣ», «Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои фоидаи иқтисодӣ», «Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои низомҳои экологӣ», «Ҳамкории фаромиллӣ дар соҳаи об» ва ғайра доир мегарданд. Чоршанбе, 21-уми август рӯзи хотимавии кори конфронс мебошад.

Сохтори СММ-ро 7 муовини Дабири кулли СММ бо шумули роҳбарони Бунёди маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО), Барномаи рушди СММ, Комиссияи иқтисодии Аврупо, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва ғайра намояндагӣ мекунанд.

Дар кори конфронс ҳамчунин роҳбарони ва намояндагони созмонҳои байнулмилаливу минтақавие чун ИДМ, САҲА, СҲШ, Созмони конфронси исломӣ (СКИ), Хартияи энергетикӣ, Шӯрои ҷаҳонии об ва ғайра низ ширкат меварзанд. Шумори иштирокчиёни конфронс дар маҷмӯъ беш аз 900 нафарро ташкил хоҳад дод.