Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаи дастфишорӣ бар президенти ИМА Доналд Трамп дастболо шуд, менависад Mashable.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба ин нашрия иттилоъ медиҳад, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои арабиву мусалмон дар пойтахти Арабистони Саудӣ - шаҳри Риёз Эмомалӣ Раҳмон зимни истиқболу пазироӣ аз президенти ИМА ба дастфишории қавии Трамп аксуламал нишон дода, дасти сарвари давлати ИМА-ро каме бештар ба сӯи худ кашидааст. Дар натиҷаи як ҳолати нобоб ба вуҷуд омадааст, ки бозии арғамчинкаширо ба хотир меовардааст.

Mashable менависад, Доналд Трамп бо тарзу усули хоси дастфишорӣ маъруф аст, ки онро метавон «такон деҳу бикаш» номид. Чунин дастфишорӣ метавонад «таҷассумгари нерӯ» дониста шавад.