Дар маъракаи интихоботи президенти Русия дар Тоҷикистон 11 ҳазор нафар иштирок карданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо истинод ба раиси комиссияи интихоботӣ, мушовир-фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Валерий Дергачёв, тибқи маълумоти пешакӣ, аз ин шумор 95% ба ҷонибдории президенти амалкунандаи Русия Владимир Путин овоз додаанд.

«Дар ҳамин ҳол, дар интихоботи соли 2016 ба Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон 4,39 ҳазор нафар иштирок кардаанд», - гуфтааст Дергачёв.

Ба гуфтаи ӯ, номзадҳои дигар ба мансаби президентӣ дар ин кишвар дар маҷмӯъ 5%-и овозҳои интихобкунандагонро касб кардаанд.

Номбурда қайд кардааст, ки маъракаи интихобот дар Тоҷикистон бидуни қонуншиканӣ сурат гирифта, дар бораи нақзи қонун «Дар бораи интихоботи президенти Русия» ягон шикояти хаттӣ ворид нашудааст.

«Дар маъракаи интихобот фазои идона ҳукмфармо буд, мардум бо сарулибоси озода ва кӯдакони худ ба интихобот омаданд, ҳамаи хоҳишмандон овоз доданд», - гуфтааст вай.

Asia-Plus

Дар маъракаи интихоботи президенти Русия дар Тоҷикистон дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, назди консулгарии Русия дар Хуҷанд, дар гарнизони пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе ва Қурғонтепппа (се қитъа) ва ҳамчунин иншооти низомии кайҳонии «Окно» дар шаҳри Норак қитъаҳои овоздиҳӣ боз шуда буданд. 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.