Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз мақомаш озод ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шудааст. Хабари сардори РВКД дар ВМКБ таъин шудани Назарзодаро як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" таъйид кард.
Дақоиқе пеш Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохил ва сохторҳои ин ниҳод дар ВМКБ ва чанд вилояту шаҳру ноҳияи дигар хабар дод.
Аз ҷумла бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудааст.
Як манбаъ аз РВКД Душанбе ба Азия-Плюс хабар дод, ки Бароталӣ Ҳамидзода сардори РВКД Душанбе таъин шудааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз барканорӣ ва таъини сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ хабар медищад. Аммо гуфта намешавад, ки ба ин мақомҳо кӣ таъин шудааст.
Шариф Назарзода рутбаи генерал – лейтенанти милитсияро дорад, ки 56-сола аст. Хидмат дар мақомоти корҳои дохилиро сентябри соли 1987 оғоз кардааст.
Ба унвони ваколатдори оперативии гурӯҳи кор бо ноболиғон, ваколатдори калони оперативии корҳои махсусан муҳими шӯъбачаи мубориза бар зидди нашъамандии РКД, ваколатдори калони оперативии ШКД ва муовини сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД ва муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД кор кардааст
Ду навбат сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе, муовини Вазири корҳои дохилӣ ва сардори РВКД дар вилояти Суғд низ буд. Аз 12 декабри соли 2017 то тағйироти имрӯз, дар мақоми сардори РВКД Душанбе кор мекард.
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои тозатаъин "аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд",- овардааст дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
Фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Марказҳои тестии Русия дигар аз муҳоҷирон имтиҳон қабул намекунанд. Акнун дар куҷо ва чӣ хел онро бояд супорид?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста