Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафари расмӣ озими Ҷумҳурии Мардумии Чин шуд.

Тавре ёвари раиси ММ МО ҶТ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни сафари шашрӯза М.Убайдуллоев, аз ҷумла бо раиси Кумитаи доимии Шӯрои умумичиноии намояндагони халқ У Банго, президенти «Эксимбонк» Ли Жогу ва раиси Кумитаи доимии шаҳри Шанхай Лю Юнгин дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Бино ба иттилои манбаъ, М.Убайдуллоевро дар сафар раисони як қатор кумитаҳои ММ МО ҶТ ҳамроҳӣ мекунанд.