Душанбе . 2- юми декабр – Ҳ айати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Яман бо мақомоти ин кишвар як қатор мулоқоти расмӣ анҷом дод .

Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ нахуст дар гуфтушуниди васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар сипас дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва   Алӣ Абдулло Солеҳ баррасӣ шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо 4 санади расмӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо,   илму техника, фарҳанг, маориф ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо расид ва заминаи нахустини сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқӣ барои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Яман фароҳам омад.

Сарони ду давлат тасмим гирифтанд, ки   робитаи   мавҷудаи байни табибони тоҷик ва беморхонаҳои Яман ба таври мустақим бе миёнарав ба роҳ монда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ қарор намуданд, ки Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санъо пойтахти   Ҷумҳурии Яман кушода шавад. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ изҳор дошт, ки   барои ҷудо намудани бино ва муҳайё кардани дигар шароити зарурӣ дастур мефармояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Яман Алӣ Муҳаммад Муҷаввар, Раиси Маҷлиси шӯрои (Парлумони) Ҷумҳурии Яман Абдулазиз Абдулғанӣ ва бо гурӯҳи калони соҳибкорони ин кишвар мулоқотҳои судбахш анҷом дод.

Зимни сафари расмии худ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҷойҳои таърихию фарҳангии ин кишвари афсонавӣ дидан карда, бо таҷрибаи ғании он дар бунёди инфрасохтор ва рушди туризм аз наздик шинос шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.