Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ се санад ба имзо расид.

Аз ҷумла, миёни давлатҳо Эъломияи муштараки Тоҷикистону Покистон дар бораи таҳкиму густариши сатҳи ҳамкориҳои минбаъда, Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо барои солҳои 2009-2012 ва Протоколи тасдиқи Созишнома миёни Тоҷикистону Покистон дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳифзи сармоя ба имзо расид. Пас аз анҷоми гуфтушунид нишасти хабарӣ доир гардид.

Роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев гуфт, нимаи аввали рӯзи 30-юми июл вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир гардида, дар нимаи дуввуми рӯз ба мулоқот президенти Русия низ ҳамроҳ хоҳад шуд.