Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 4 санади ҳамкорӣ бо Ӯзбекистонро, ки рӯзи 9 марти соли равон ҳукуматҳои кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар сатҳи олӣ ба имзо расидонида буданд, тасдиқ намуд.

Аз ҷумла, Созишнома дар бораи алоқаи байнулмилалии автомобилӣ ва алоқаи ҳавоӣ маъқул шуморида шуд. Зикр гардид, ки бар асоси талаботи ин санадҳо байни ду кишвари ҳамсоя аллакай алоқаи нақлиётӣ ва ҳавоӣ амал мекунад.

Ғайр аз ин, вакилони парлумон Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикиситону Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро қабул карданд.

Ҳамчунин Протокол дар бораи боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996 низ тасдиқ шуд.

Қаблан парлумони Тоҷикистон созишномаҳо байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, даст кашидан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя, созишнома дар бораи фаъолияти намояндагони мақомоти сарҳадбониро маъқул шуморида буд. Ин санадҳо ҳам аввали моҳи март ба имзо расида буданд.

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон ҳамчунин аз Созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» — (ЛДКҶ) ва Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷонибдорӣ намуданд.

Ғайр аз ин, вакилони парлумон лоиҳаҳои қонунҳоро дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва Кодексҳои гумрук ва андоз дастгирӣ карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.