Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонунро “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” қабул кард. Санади нав баъди тасдиқ дар палатаи болоии парлумон ва имзои он аз ҷониби президенти кишвар, қонуни амалкунанда “Дар бораи гарави амволи манқул”-ро иваз мекунад.

“Фарқияти асосии қонуни нав дар он ифода меёбад, ки ба он модда дар бораи Рӯйхати ягонаи давлатии уҳдадориҳои гарав ворид карда шуд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз парлумони ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, бақайдгирии гаравҳо ва пешбурду таҳияи Рӯйхати ягонаи давлатии уҳдадориҳои гарав  мутобиқи қонуни нав тариқи шабакаи Интернет сурат мегирад, ки ин ба ҳар кадоме аз шаҳрвандон барои дастрас кардани маълумоти лозимӣ аз ин рӯйхат имкон медиҳад.

“Навгониҳои мазкур ба шаффофияти бақайдгирии гаравҳо ва кори пешбурду таҳияи рӯйхат нигаронида шудаанд”, - қайд кард манбаъ.

Ғайр аз ин, таъкид дошт манбаъ, мувофиқи қонуни амалкунанда ваколатдори бақайдгирии гаравҳо ва кори пешурду таҳияи рӯйхат Вазорати адлия мебошад.

Дар қонуни нав муқаррар карда мешавад, ки мақомоти ваколатдори бақайдгирии гаравҳо ва кори пешбурду таҳияи рӯйхатро ҳукумати ҷумҳурӣ муайян мекунад”, - афзуд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.