Имрӯз, 24-уми январ, дар маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда шуд. Дар ин бора сомонаи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози ҷаласа, ки таҳти роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат, ҳисобот додааст ва аз маърӯзаи ӯ бармеояд, ки соли сипаригардида аксари нишондиҳандаҳои иқтисодову иҷтимоии кишвар афзоиш ёфтаанд.
Аз ҷумла, дар ин давра, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 115,7 миллиард сомонӣ расида, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил додааст. Даромади умумии буҷети давлатӣ бошад, 36,3 миллиард сомонӣ будааст, ки нисбат ба нақша 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Қоҳир Расулзода гуфтааст, ки соли 2022 дар кишвар 487 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар ин муддат дар мамлакат 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд.
Ҳамин тавр, Қоҳир Расулзода оид ба тамоми паҳлӯҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат маълумот дода, зикр кардааст, ки дар умум, соли 2022 рушди босуботи давлат таъмин карда шуд.
Баъдан аъзои дигари ҳукумат ва мақомдорони давлатӣ оид ба фаъолияти ниҳоди зери тобеи худ маълумоти муфассал манзур намудаанд.
Раисиҷумҳури кишвар баъди шунидани ҳисоботҳо ба роҳбарони мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Бояд гуфт, ки коршиносон интизор доштанд, ки дар ҷараёни ҷаласаи васеи ҳукумат тағйироти кадрӣ низ сурат мегирад, аммо бо фарқ аз интизориҳо, то ҳол ҳеҷ як тағйироти кадрӣ ба амал наомадааст.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста