Шикоят оид ба амали кормандони милиса нисбати наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуров ба мақомоти Прокуратураи генералӣ, прокуратураи шаҳри Душанбе ва ноҳия ирсол шуд. Ҳамчунин муроҷиати як гурӯҳ журналистон бо талаби мулоқот бо Абдураҳим Шукуров ба ВКД расонида шуд. Дар ин бора хабаргузории «Озодагон» иттилоъ медиҳад.

А. Шукуров рӯзи 25 декабр ҳангоми пароканда намудани издиҳоми назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар он ҷо ҳукми Зайд Саидов бароварда мешуд, дастгир гаштааст.

Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, парвандаеро алайҳи Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро дастрас накарда, қарореро низ барои ҳабси ӯ содир нанамудаанд. Ин нуктаро Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 26 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” баён доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти пулис ҳақ надоранд, аз пеши худ, бидуни қарори додгоҳ шаҳрвандро барои ҳафт шабонарӯз ҳабс намоянд: “Мақомот метавонад, танҳо ба муҳлати 3 шабонарӯз барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандро бе қарори додгоҳ боздошт намояду бас”.

Дар дафтархонаи умумии Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки тамоми парвандаҳоро аввалин шуда ба қайд мегиранд, ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки парвандаи Абдураҳим Шукуров ба ин додгоҳ ворид нагардидааст.

Барои ҳалли қазияи боздошти ғайриқонунӣ, истифодаи зӯр ва лату кӯби журналисти ожонсии хабарии “Озодагон” як гурӯҳи ҷомеаи журналистии ҷумҳурӣ ҷиҳати мулоқот бо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов муроҷиат намуданд. Муроҷиатнома аз ҷониби як қатор ВАО, ТҒД ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон имзо шудааст.