Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо барои муроҷиати бевоситаи шаҳрвандон ба ӯ оид ба масоили марбут ба вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ почтаи электронӣ кушод. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба вазири мудофиа шаҳрвандони ҷумҳурӣ падару модарон ва сарбозону афсарон метавонанд бо масъалаҳои хизмати ҳарбӣ ва дигар мушкилот дар ҷараёни адои хизмат муроҷиат намоянд.

«Вазири мудофиа муддати тамоми шабонарӯз ба почтаи электронии мазкур дастрасӣ дорад», - зикр кард Маҳмадалиев.

Суроғаи почтаи электронии вазири мудофиаи Тоҷикистон: [email protected]