Фахриддин Зокиров, яке адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ шоми гузашта дар шаҳри Душанбе боздошт намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамкори боздоштшуда Шуҳрат Қудратов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Ф.Зокиров айни замон дар бинои Агентии зиддифасод қарор дошта, ӯ ба даст доштан дар ҷинояти пешбинишуда тибқи моддаи 247 (Қаллобӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.

«Мо мутмаинем, ки сабаби аслии боздошти Зокиров ба мавқеи фаъоли ӯ дар ҳимояи Зайд Сайидов рабт дорад», - иброз дошт адвокат.

Қудратов ҳамчунин зикр кард, ки Агентии зиддифасод имрӯз иҷозати суд барои ҳабси Зокировро дастрас карданист.