Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки шаби 4 ба 5-уми июли соли 2021 қувваҳои ҳаракати «Толибон» вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон дар минтақаи мазкур 910 километр сарҳади умумӣ доранд, пурра таҳти назорати худ қарор доданд.
Дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ки АМИТ “Ховар” нашр кардааст, зикр мегардад, ки дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо «Толибон», 1037 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии «Шоҳон»-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.
Гуфта мешавад, бо назардошти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ ва дахолат накардан ба умури дохилии ҶИА, ба низомиёни ин кишвар иҷозати воридшавӣ ба қаламрави Тоҷикистон дода шуд.
Айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста