Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон раванди таъйиди салоҳият (аттестатсия)-и имомхатибони 57 масҷид ба анҷом расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи минтақавии умури дини Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, аз рӯи натиҷаҳои санҷиши дониш ва риояи арзишҳои исломӣ 6 нафар имомхатибон аз вазифа озод карда шудаанд.
«Имомхатиби яке аз масҷидҳои маркази шаҳри Кӯлоб ҳатто ба талаботи оддӣ ҷавоб дода наметавонист, - гуфт вай. – Панҷ нафар имомхатибони дигар сатҳи дониши пасти худ дар дин ва қонунгузориро ҳис карда умуман ба санҷиш ҳозир нашуданд, ки онҳо низ аз мансабашон сабукдӯш мегарданд».
Ш.Абдулҳамидов бар ин назар аст, ки баъзан имомхатибон ҳатто ҳаҷми маблағи хайрияи ибодаткунандагонро пинҳон медоранд, то ки аз он ба буҷети давлат фоизи муайян насупоранд, яъне ҳамон арзишҳои исломиро, ки таблиғ мекунанд, худашон риоя намекунанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи умури дин, соли гузашта салоҳияти 3 ҳазору 366 имомхатибон санҷида шуда, 106 нафар имомхатибон аз кор сабукдӯш гардиданд. Соли равон сатҳи донишу салоҳияти 300 нафар имомхатибон санҷида мешавад.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста