Мақомоти шаҳрдории пойтахт тасмим гирифт, ки соли равон озмуни «Волидайни беҳтарини соли 2012»-ро доир намояд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки озмун дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт дар бахши маориф барои соли равон баргузор мегардад.

Созмон ва баргузор намудани озмуни мазкур ба ӯҳдаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе вогузор шудааст.

«Озмуни мазкур дар чаҳорчӯби татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тахлиму тарбияи фарзанд» доир мегардад. Ҳамчунин бо ташаббуси мақомоти шаҳрдорӣ аз моҳи январ то моҳи май ва аз моҳи сентябр то моҳи декабр дар макотиби таҳсилоти умумии пойтахт мониторинги сифати дониши толибилмон баргузор мешавад», - гуфт Ш.Саидов.