Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба ҳавзаи федералии Урал сафар карданд.
Тавре аз намояндагии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни сафар аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар ин ҳавза кору зиндагӣ мекунанд, як қатор арзу шикоят оид ба поймол кардани ҳуқуқи онҳо ба меҳнат қабул карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, аз аризаи шаҳрванди Тоҷикистон Темур Зайниддинов, ки дар ҶСР «Уралтяжтрубстрой»-и шаҳри Первоуралск кор мекардааст, маълум шудааст, ки ба ӯ музди меҳнати коркардааш дар ҳаҷми ҳудуди 300 ҳазор рублро пардохт накардаанд. «Пас аз гуфтушунид бо сардори шӯъбаи ҳуқуқии корхонаи мазкур маблағи мазкур пурра ба шаҳрванди Тоҷикистон пардохт карда шуд», - гуфтанд дар намояндагӣ.
Зикр гардид, ки шаҳрванди Тоҷикистон Азизмурод Самиев, ки дар ҶДММ «Металлокомплекс»-и шаҳри Екатеринбург фаъолият доштааст, низ музди меҳнати чандмоҳаи худро гирифта натавонистааст. «Дар натиҷаи муроҷиати корманди намояндагӣ ба мақомоти раҳбарии корхона, қисмате аз маблағи қарздорӣ аз музди меҳнат ба Самиев пардохт шуда, маблағи боқимонда низ рӯзҳои наздик ҳисоббаробарӣ карда мешавад», - афзуд манбаъ.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста