Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт андешаи худро оид ба ҷараёни баргузории Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ дар Тоҷикистон иброз намуд.

Аз ҷумла ӯ изҳор мекунад, ки «ман аз иштирок дар яке аз бахшҳои ин ҷашн, дар намоишгоҳи таҳсили байналмилалӣ, бо иштироки намояндагон аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ва барномаҳои таҳсили байналмилалӣ хушҳол шудам. Дар ин намоишгоҳ, садҳо толибилмин дастрасӣ ба имкониятҳои таҳсил дар дигар давлатҳои дунёро омӯхтанд. Ҳамчун собиқ профессори донишгоҳ, ман маорифро аз рукнҳои асосӣ мебинам. Ҳамчун сафир, ман тарафдори зарурияти табодули байналмилалӣ ва ҳамкорӣ байни миллатҳо ҳастам.

«Таҳсили байналмилалӣ робитаҳои байни мардум ва ҷомеаҳоро дар тамоми олам, ки барои ҳалли мушкилоти глобалӣ лозиманд, равнақ медиҳад. Робитаҳое, ки дар давоми таҳсили байналмилалӣ барпо мешаванд, тамоми умр давом меёбанд. Донишҷӯёни байналмилалӣ синфхона, донишгоҳ ва ҷомеаҳоро бо иштироки худ чунон  ғанӣ мегардонанд, ки нишонаи он баъди бозгашти донишҷӯён низ муддати дароз давом мекунад. Таҷрибаи байналмилалӣ донишҷӯён, олимон ва пешвоҳои навро дар тамоми дунё ба ҳам мепайвандад ва ба онҳо имконият медиҳад, ки бо ҳамдигар ҳамкорӣ намоянд ва мушкилоти муосирро, аз ҷумла такмили ихтисос, тағири иқлим ва тандурустии глобалӣ ҳал кунанд», - зикр кардааст ӯ.

Ӯ аз гуфтаҳои вазири умури хориҷаи ИМА, Ҷон Керри дар ин хусус иқтибос меорад: “Дар шароити имрӯзаи ҳампайвастии зиёд дар ҷаҳон, мушкилоти асосӣ, ки бо он рӯбарӯ мешавем, дар асл глобалӣ ҳастанд. Аз ин лиҳоз, мо ба олимон, муҳандисон, соҳибкорон, муаллимон, ташшабускорони ҷомеавӣ ва дипломатҳои болаёқаттар ниёз дорем – шахсони аз ҳамаи соҳаҳо, ки метавонанд барои ҳалли масъалаҳо берун аз марз фаъолият намоянд.”

Сафир мегӯяд, таҳсили байналмилалӣ барои ҳама ҳаст ва ба ҳама таҷрибаи бадалшаванда ва марбути оламшумул пешниҳод менамояд. «Ҳамчун дипломат, аз зиндагӣ дар дигар давлатҳои дунё ман боигарии дониш ва фаҳмишро дастрас кардам. Ҳамчунин, ман як таъсири мусбати ин таҷрибаро дар ҳаёти фарзандонам низ мушоҳида намудам. Департаменти давлатии ИМА барномаҳои табодулиро мустақиман дастгирӣ менамояд. Ин барномаҳо таҷрибаи таҳсили байналмилалиро ба одамоне, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро намояндагӣ мекунанд, дастрас мекунад», - мегӯяд сафир.

Сюзан Эллиотт иброз медорад, ки ИМА таҳсили шумораи бештари донишҷӯёни Амрикоиро дар хориҷи кишвар тарғиб мекунем ва даъвати донишҷӯёни байналмилалиро ба ИМА давом хоҳад дод. «Донишҷӯёни байналмилалӣ ба фазилат ва дигаргунии донишгоҳҳои амрикоӣ ҷазб мешаванд. Дар соли таҳсили 2011-2012, 764 495 донишҷӯёни байналмилалӣ дар Амрико таҳсил намуданд, ки ин нишондоди рекордӣ ҳаст», - хабар додааст ӯ.

Дар фарҷом ӯ донишҷӯёни байналмилалиро ба Иёлоти Муттаҳида хайра мақдам гуфта, ташвиқ мекунад, ки ба барномаҳои зиёди ИМА дар ин бахш ҳуҷҷатсупорӣ намоянд.