Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расман ба ифтитоҳи истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкунии "Худҷореъшаванда"-и КВД "Обу корези Душанбе" заминагузорӣ кард, ки мавриди таъмиру навсозӣ қарор дошт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади  аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ оғоз гардида буд. Иқтидори истеҳсолии иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор аҳолии шаҳрро қонеъ мекунад.

Акс аз сомонаи шаҳрдории Душанбе

Сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади  аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ оғоз гардида буд. Маблағи умумии лоиҳа 5 миллиону 970 ҳазор доллари ИМА буда, аз ин ҳисоб 1,32 миллион долларро ҳиссаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва боқиро гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳад.

Акс аз сомонаи шаҳрдории Душанбе

Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ширкати «Шимбар»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сифати баланд ва дар мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ  анҷом дода шудааст.

Дар коркарду безараргардонии оби барои муштариён интиқолшаванда, коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ дорад. Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори лозимаи  гипохлориди натрий - маҳлул барои безараргардонии оби ошомиданӣ истеҳсол карда мешавад.

Истгоҳи "Худҷореъшаванда"
Акс аз сомонаи шаҳрдории Душанбе

Дар ҷараёни боздид аз иншоот раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин ба сохтмони марҳилаи дуюми истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкугнии "Худҷореъшаванда" низ санги асос гузошт.

Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюм моҳи июли соли ҷорӣ ба роҳ монда мешавнад.  Иқтидори лоиҳавии марҳилаи дуюм 150 ҳазор мукааб метр оби тоза буда, баъди анҷоми қисмати дуюм истеҳсоли умумии оби тоза дар як шабонарӯз ба 300 ҳазор мукааб метр расонда мешавад, ки дар натиҷаи он аҳолии шаҳри Душанбе пурра бо оби тозаи безарар таъмин мегардад.