Беш аз 20 вагони кумаки башардӯстона аз Қазоқистон имрӯз ба ҷониби Тоҷикистон супурда шуд. Арзищи умумии кумак қариб 1 млн. долларро ташкил медиҳад.
Қазоқистон ба сифати кумак ба Тоҷикистон 21 вагони иборат аз орди гандум, консерваҳои гӯштиву ширӣ фиристода, вазни умумии кумаки воридшуда ба 1320 тонна баробар аст.
Имрӯз дар Душанбе маросими расмии тақдими кумак ба Тоҷикистон доир гардида, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов бору маҳсулотро ба ихтиёри директори Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супурд.
- Қазоқистон ҳамасола ба Тоҷикистн кумаки башардӯстона мефиристад, ки барои ин мо аз ҳукумати ин кишвар хеле миннатпазирем, - изҳор дошт Зиёдуллоев. - Ҳамаи ин маҳсулот ба тавозуни Агентии мо ворид гардида, сипас мо дар бораи қабули кумак санад таҳия мекунем ва онро ба ҳукумат мефиристем. Қарори ба киҳо таъин шудан ин кумакро Комиссияи ҳолатҳои фавқулода таҳти роҳбарии шахсии Президент қабул мекунад.
Зиёдуллоев қайд кард, ки кумаки башардӯстона аз Қазоқистон маъмулан байни ҷабрдидагону осебдидагон аз офатҳои табиӣ тақсим карда мешавад.
- Ҳақиқатан ҳам Қазоқистон ҳар сол ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона мефиристад, - гуфт Сейтимов. - Мо офатҳои табииро, ки Тоҷикистон ба онҳо хеле осебпазир аст, пайгирӣ мекунем ва дарк мекунем, ки ҳангоми ин офатҳо аҳолӣ ба мушкилоти зиёд дучор мешавад. Кумаки мо ба мардуми тоҷик аз самими қалб аст.
Зикр гардид, ки танҳо дар соли 2015 Қазоқистон ба Тоҷикистон ба маблағи 4,7 млн. доллар ё худ 9,5% аз ҳаҷми умумии ёрии башардӯстона кумак кардааст. Соли гузашта аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ба сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи умумии 873 ҳазор доллар кумак ворид гардида буд.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста