АНОНС

- Дар «Душанбе Плаза» форуми пеш аз конфронси «Занон ва об: Аз гуфтор ба амал» доир мегардад, ки дар кори он беш аз 150 нафар аз 20 кишвари дунё ширкат меварзанд. Вақти кори форум: аз соати 09:30 то 18:30;

- Дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси сатҳи баланди об барои рушди устувор барои кӯдакон баргузор мешавад. Вақти кори форум: 09:30 то 16:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.0958 сомонӣ;

1 евро – 10.5639 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1438 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1962 – Анҷумани нахустини зиёиёни Тоҷикистон баргузор шуд.

1968 — Шӯрои амнияти СММ дар бораи кафолати амнияти кишварҳои бидуни яроқи ҳастаӣ қатънома қабул кард.

2007 — Шабакаи мустақили телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.

1918-1990 – Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Михаил Алоев.

1948 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов.

1978 – Зодрӯзи журналист Рамзия Мирзобекова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +24+29; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.