Сокинони вилояти Суғд имкони дурусту бехатар омӯхтани дини исломро надоранд ва барои ин аз масъулин талаб доранд, ки шароит фароҳам оваранд.

Насиба Абдуллоева, як зани 36 солаи сокини вилояти Суғд мегӯяд, ки аз набудани ҷойи таҳсили динӣ барои занону духтарон нигарон аст. Худаш дар ягон ҷой таҳсили динӣ нагирифтааст ва имрӯз ҳам шароити мусоид надорад, ки ба омӯзиши дин пардозад ва ба фарзандонаш дониши динӣ диҳад.

Ӯ аз он ки ба назди кадом имомхатиб раваду саводи динӣ омӯзад, хавф дорад ва метарсад, ки ӯро барои таҳсили ғайрирасмии динӣ муттаҳам накунанд. Аммо барои таҳсил дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон имкон надорад ва мехоҳад филиали ин муассисаи таълимӣ дар вилояти Суғд боз шавад. Ё ҳадди ақал марказе бошад, ки расман фаъолият кунад ва дар он имкони гирифтани таълими динӣ вуҷуд дошта бошад.

Мактаби бибиотунҳо куҷо шуд?

Рустам Азизӣ, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, солҳои пеш барои занон “мактаби бибиотунҳо” ё ки “таълими бибиотунҳо” дастрас буд ва онҳо донишҳои динии худро пурра мекарданд ва перомуни ин ё он ҳолати кору зиндагӣ ва раванди ҳаёти динии худ маълумот мегирифтанд.

“Мутассифона, имрӯз ин чиз нест ва занҳо донишҳои динии худро аз интернет мегиранд ва ин ҳолат хеле нигаронкунанда ҳам ҳаст. Зеро надоштани алтернатив сабаб мешавад, ки занҳо аз ҳар ҷойе ки ба худашон дастрас аст савод гиранд. Азбаски заминаи динӣ надоранд, бешубҳа хато ё дуруст будани саводҳои онлайнии аз интернет мегирифтаашонро худашон намедонанд”, - иброз медорад ҳамсӯҳбати мо.

Ҳоло ба қавли ӯ, қисми зиёди занҳо хонашин ҳастанд, ҷаҳонбинии танг ва саводи пасти динӣ боис мешаванд, ки сатҳи таҳаммулпазирии динии онҳо паст бошад.

Рустам Азизӣ

Дебочае ба таълимоти динӣ дар Суғд

Сентябри соли 2008 “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар қаламрави масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддини вилояти Суғд сохтмони манораи дуюм шурӯъ гардид ва он соли 2009 ба анҷом мерасад. Вале баъди қатъи фаъолияти мадрасаҳо самти сохтмони мадрасаи мазкур ба китобхона равона шуд, вале то ҳол он сохтмон нотамом аст.

Он замон гуфта мешуд, бинои мадраса ба ду қисм - занона ва мардона тақсим гардида, дар он дар як вақт беш аз 120 нафар толибилмон таҳсил хоҳанд кард. Он замон дар бораи таҳсили 70 духтар ва 65 писар хабар дода мешуд.

Сохтмони мадрасаи занона дар вилояти Суғд он замон дар ҳоле оғоз гардид, ки соле пас дар Тоҷикистон амалиёти махсус бо номи “Мадраса” аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз ёфт. Тибқи хабарҳои пахшшуда, аз 1 то 31-уми майи соли 2011 низ чунин амалиёт роҳандозӣ гардид ва дар чаҳорчӯбаи он фаъолияти 58 мактаби хусусии динии хонагӣ қатъ карда шуд.

14:31 25 декабр, 2018

Бар асоси иттилои сардори вақти бахши кофтукови ҷиноии РВКД-и вилояти Суғд Илҳом Қосимов, ҳадаф аз баргузории амалиёт ошкор намудани таълимгоҳҳои ғайрирасмии исломӣ дар манзилҳои шахсӣ, ҷилавгирӣ аз ворид ва паҳни ғояҳои ҷараёнҳои динии ифротгарое чун “Салафия”, “Ҷамоаи таблиғ” ва ғайра дар Тоҷикистон буд.

Зимнан, пас аз ин гуна иқдомҳо хавфу гумонҳое пеш омад, ки аз ин пас одамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то фарзандони худро ба муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар фиристанд ва ба ин восита, халое дар фазои динии кишвар эҷод шуда, онро метавонад идеяҳои ифротгароёнаи хориҷӣ пур созад.

Воқеан, аз соли 2010 Президенти Тоҷикистон баргардондани донишҷӯён аз мадрасаҳои ғайрирасмии кишварҳои хориҷиро дар миён гузошт. Гуфта мешуд, дар муддати кӯтоҳ ҳудуди 2 ҳазору 500 донишҷӯ аз хориҷа ба кишвар баргардонида шуда, дар дохили Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Маълумоте ҳам баъдан пахш шуд, ки қисме аз онҳо тавассути Русия дубора ба мадрасаҳои худ баргаштаанд...

Духтарон таҳсилоти диниро бояд дар куҷо гиранд?

Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, мутахассиси пешбари Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилоят Суғд перомуни омӯзиши динии духтарон мегӯяд, дар Қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” тамоми масъалаҳои вобаста ба дин возеҳ гуфта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин қонун таъкид шудааст, ки ҳар падару модар ба фарзанди худ новобаста аз ҷинс ва синну сол ҳуқуқи таълимоти динӣ доданро доранд, ба шарте аз адабиёти динии саҳеҳ истифода баранд, худашон саводи дурусти динӣ дошта бошанд.

“Вақте мақомот тадрисҳои хонагию кунҷакиро манъ кард, дар зеҳни мардум фикрҳои нодурусте тавлид шуданд, ки гӯё давлат омӯзиши динро барои ҷавонон манъ карда бошад. Аммо дар асл давлат танҳо ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунандаро манъ кардааст. То ҳол ҳам ягон намуди дониш ба касе зарар наовардааст, аз ҷумла саводи динӣ”, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Меҳрафкан Мирзоҳофизиён меафзояд, “ҳар касе то расидан ба синни балоғат дар назди волидайн динро меомӯзад ва пас аз болиғ шудан дар кишвари мо Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳаст, ки дараш барои хоҳишмандон боз аст, касе дар ин даргоҳи олӣ хондани духтарҳоро манъ накардааст”.

Меҳрафкан Мирзоҳофизиён

Таълими диниро дар дасти муллои кӯчагӣ набояд монд

Шарқшинос ва ҷомеашинос Нуруллоҳхон Ғиёсов перомуни омӯзиши дин барои духтарон мегӯяд, “яке аз зарурати имрӯза аст, зеро онҳо модарони фардоянд ва фарзондони худро дар рӯҳияи асили динӣ тарбия кардашон муфид аст”.

“Аммо пеш аз он ки масъалаи мадрасаи духтарона бардошта шавад, ин иқдомро бояд аз корҳои ташкилӣ оғоз кард. Масъалаи таҳияи барномаи таълимӣ муҳокима шавад, ки аз рӯйи кадом нақша, аз рӯйи кадом фанҳо дарс гуфта мешавад ва киҳо ин фанҳоро дарс медиҳанд. Таълими диниро дар дасти муллои кӯчагӣ набояд монд”, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Нуруллоҳхон Ғиёсов меафзояд, бояд таълимот бо мувофиқаи мақомот ва масъулини соҳаи маориф ба роҳ монда шавад. Зеро то ҷое, ки ман медонам дар вилояти Суғд 9 мадраса вуҷуд дошт ва 5 адади он духтарона буд, вале надоштани барномаи мушаххаси таҳсил, мутахассисони соҳибилм ва дигар сабабҳо дари ҳаммаашро баст.

Нуруллоҳхон Ғиёсов

Духтарон маърифати динӣ-оиладорӣ надоранд

Хусрав Ҳомидов, имомхатиби масҷиди ҷомеи “Тақво” дар шаҳри Хуҷанд, перомуни муҳимияти дониши динӣ доштани духтарону ҷавонон дар сӯҳбат ба мо гуфт, “таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки духтарону ҷавононе, ки дорои дониши динӣ ҳастанд, аз онҳое ки танҳо дониши дунявӣ доранд ё аз ҳарду намуди донишҳо бебаҳра мондаанд, куллан фарқ мекунанд. Ҳар нафаре, ки дорои дониши илми шариат ҳаст, тарси Худо дар дилаш ҷо мешавад ва худотарсӣ инсонро аз гуноҳ, зино, ҷинояткорӣ, риё ва ғайра дур месозад”.

“Яъне, агар илм ба амал якҷо шавад, фоидарасон аст. Ин як ишораи таълимӣ ба сӯйи инсон аст, то бифаҳмад, ки илми беамал, ё амали беилм дар дунё ва охират фоидаи бояду шоядро дода наметавонад”, - таъкид мекунад ҳамсӯҳбати мо.

Хусрав Ҳомидов

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон 5 духтар таҳсил мекунад

Дар саросари ҷумҳурӣ ҳамагӣ як Донишкадаи исломӣ дар шаҳри Душанбе ҳаст, ки пас аз хатми мактаби миёна хоҳишмандон барои идомаи таҳсил мераванд.

Аммо дар вилояти Суғд, баъди баста шудани дари мадрасаҳои занона, ягон муассисаи расмӣ нест, ки духтарону ҷавонони хоҳишманд таҳсили динӣ гиранд.

Зокирзода Нусратулло, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки то 10-январи соли 2024 шумораи умумии муҳассилини донишкада дар бахшҳои рӯзонаву ғоибона 731 нафарро ташкил медиҳад, ки 5 нафарашон духтарон ҳастанд.

Ба гуфтаи ректор, ба ин донишкада низ муҳассилин  тариқи маркази миллии тастӣ дохил мешаванд. Донишкада  аз ду факултет иборат буда, аз руйи 5 ихтисос омӯзонида мешаванд.

Мушкили аз саводи динӣ бебаҳра мондани ҷавонон, ба хусус духтарон эҳсос мешавад. Доштани саводи қонунии динӣ, яъне талим дар муассисаи расмӣ  ҳеҷ гоҳ бар зарари касе нест ва нафари аз улуми динӣ огоҳ пеш аз ҳама таҳаммулпазирии диниро дар худ тақвият медиҳад, савобу гуноҳ, неку бад, ҳарому ҳалол, инсову беинсофиро дарк ва фарқ карда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.