Баъди як моҳи ҷустҷуӯй, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 10-соларо аз шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дарёфт кардаанд.
Дар ин бора Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Манбаъ гуфт, ҷасад ӯро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқудодаи Ӯзбекистон имрӯз,12-уми март тақрибан соатҳои 15:15 аз тарафи рости соҳили канали Мирзочули ҷанубӣ, ки ба ҳудуди шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон мерезад, дарёфт кардаанд.
Ҳоло ҷасади духтарак дар яке аз сардхонаҳои Ӯзбекистон аст ва рӯзҳои наздик ба пайвандонаш дода мешавад.
Қаблан, КҲФ Тоҷикистон барои пайдо кардани ҷасади ин духтарча дар ҳудуди Ӯзбекистон ба унвонии КҲФ ин кишвар мактуб ирсол карда буд.
Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст.
Дар он навор мушоҳида мешуд, ки духтараке дар канори роҳ медавад ва ба соҳили дарёи Сир мефарояд. Пас аз ин, Сафияхон нопадид мегардад.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста