Мо нархҳоро ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар рӯзи якум ва рӯзи охири моҳи Рамазон муқоиса кардем ва чунин натиҷа ҳосил шуд.

Барои мониторинг (санҷиш) бозори гаронтарини пойтахт - “Меҳргон”-ро интихоб кардем. Аз ин рӯ, нархҳо дар бозори назди хонаи шумо шояд пасттар бошанд.

Инак: 

1/2

Нархҳо боло мераванд. Ва ин сабаб дорад...

Дар муқоиса бо аввали сол дар аввали моҳи апрел нархҳо ба баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ поин рафтанд.

Нархи миёна ба як халта орди навъи якум 2% - аз 275 дар моҳи январ то 270 сомонӣ дар аввали моҳи апрел поин рафт. Дар баробари орд, макарон низ арзон шуда, нархи навъҳои маҳаллӣ аз 10 то 9 сомонӣ паст шуд.

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар бораи поинравии нархи пиёз, картошка, равғани растанӣ ба андозаи аз 1% то 5% маълумот медиҳад.

Дар ин давра ба ҳисоби миёна қаланфури булғорӣ, бодинҷон (баклажан), лаблабу, сирпиёз, себ, нок, ангур нисбатан назаррас - 10-15% зиёд шуданд. Нархи бодирингу помидор, лимӯ ва мандарин, биринҷ, маҳсулоти гӯшту шир, чой, қаҳва то 5% боло рафт.

Коршиносон болоравӣ ва поинравии нархҳоро ба ду сабаб марбут медонанд. Аввалан, барзиёдии маҳсулот дар бозор, қисме аз онҳо дар Тоҷикистон парвариш ёфтаанд, масалан, пиёз ва сабзӣ. Сониян, маҳсулоти дигар аз талаботи бозор зиёд ворид карда шудааст, масалан шакар (қанд) ва равған.

Сабаби қиматшавӣ низ мутаносибан дуто аст - истеҳсоли нокофӣ, масалан мева ва камшавии воридоти он аз дигар кишварҳо.

Нархи маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли худӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба мавсими нашъунамои сабзавоту мева вобаста аст. Охири моҳи апрел пиёзу сабзии тару тоза, мева ва буттамеваҳои тезпаз ба бозор бароварда шуда, ин ба нарх таъсир мерсаонад ва онҳо боз поинтар рафта метавонанд.

Дар робита ба маҳслуоти саноатӣ, ба ақидаи коршиносон, ба нархи онҳо қурби асъор, нақлиёт ва аз ҳама муҳимаш нархи истеҳсолкунанда таъсир мерасонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.