Ибодулло Машрабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони аксар чорабиниҳои давлатӣ навори бархӯрди тундаш бо раққосаҳоро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, вокуниши сахти ҷомеаро барангехт, шарҳ дод ва гуфт, “бояд сахтгир бошам”. Масъулини ансамблҳои рақсӣ мегӯянд, шикояте надоранд. Муовини якуми вазири фарҳанг гуфт, бо коргардон сӯҳбат мекунад.

Сухан аз наворе аст, ки дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва дар он нафаре гуруҳи духтарони дар саҳна истодаро барои дер кардан ба тамрин шадидан сарзаниш ва аз калимоти тунду дурушт истифода мекунад.

“Шумо мусулмонед? Шуморо кӣ зоидаст ба ҳамин дунё? Кӣ зоидаст ҳамин хел духтари бемаънии ... Садқаи одам шавед... Соат 9-у ним шуд, 9 ба ман бояд сар мекардам”, - мегӯяд ӯ.

Муаллифи навор гуфтааст, ки ин нафар Ибодулло Машрабов, коргардон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аст.

Нашри ин навор миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои гуногунро ба миён овард ва онҳо ин кори коргардонро шадидан интиқод карданд.

 

“Ягон гапи безеб нагуфтам”

Ибодулло Машрабов имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сабаби тунд бархӯрд карданаш дер кардани чанд нафар раққосаҳо будааст.

“Ман ягон гапи безеб нагуфтам. Ин масъалаи кории ман аст ва бояд сахтгир бошам. Агар ҳамин корро намекардам, онҳо боз дер мекарданд ва кор пеш намерафт. Раққосаҳо худашон маро нағз мефаҳманд”, - шарҳ дод Машрабов.

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг дар тамоси телефонӣ бо мо гуфт, ки аз рух додани чунин ҳодиса хабар надорад, вале дар ин бора бо коргардон сӯҳбат мекунад.

 

“Коргардон ҳамаро сарзаниш кард”

Масъулини ансамблҳои рақсӣ перомуни ин бархӯрди Ибодулло Машрабов ҳарфи мушаххасе намегӯянд ва шикоят ҳам надоранд.

Зебо Аминзода, роҳбари ансамбли рақсии “Зебо” дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки раққосаҳои ин ансамбл дар он тамрин иштирок доштанд, вале дар ин робита ба роҳбарият ҳарфе назадаанд.

Як масъули ансамбли рақсии “Гулрез” ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки ин гуна бархӯрди Ибодулло Машрабов бо сабаби маҳдудияти вақт буд.

“Сабаб дер омадани чанд раққоса буд, вале коргардон ҳамаро сарзаниш карданд, зеро даста комил набуд ва машқро гузаронида намешуд. Вақт кам буд ва раққосаҳо бояд масъулият ҳис карда, ба чорабинӣ дер намерасиданд. Раққосаҳо ҳам шикояте надоранд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аз ансамбли рақсии “Лола” ба зангҳои паёпайи мо касе посух надод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.