Расонаҳои Русия, махсусан расонаҳои наздик ба Кремл зимни бозтоби ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав ва боздошти гумонбарони ҳамла меъёрҳои ахлоқии байналмилалии рӯзноманигориро пушти по заданд.

Ба ҳадде, ки бархеи онҳо асли бароат (эҳтимолияти бегуноҳӣ)-ро ба назар нагирифта, бидуни ҳукми додгоҳ онҳоро “террорист” унвон карданд. Бархе расонаҳои русӣ маъракаи бегонаситезиро низ таҳрик медиҳанд, ки хилофи меъёрҳои рӯзноманигорӣ аст.

Баъзе расонаҳои Тоҷикистон ҳам дар бозтоби ин ҳамла меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигориро риоя накарда, асли бароатро канор гузоштанд.

Дар робита ба ин, аз чанд мунаққиди расона дар Тоҷикистон пурсидем, ки бозтоби ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-ро дар расонаҳои Русияву Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

 

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва мунаққиди расона

Мутаассифона, бозтоби ин ҳодисаи даҳшатангезу хунин як маротибаи дигар исбот намуд, ки расонаҳои хабарӣ ҳарчӣ бештар мустақилияти худро аз даст медиҳанд ва бештар ба василаи таблиғоти ҳукуматҳо табдил меёбанд. На танҳо дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ, мутаассифона расонаҳои кишварҳои ғарбӣ ҳам, ки замоне барои мо намунаи касбиятро ифода мекарданд.

Раҷаби Мирзо
Акс аз Радиои Озодӣ

Аз ҷониби дигар, эҳсос мешавад расонаҳо ҳарчи бештар зери таъсири эҳсосоти одамон қарор гирифтаанд. Дар Русия низ, бешак расонаҳои касбӣ, аз қабили "Независимая газета", "Коммерсант", "Новая газета" ва дигарон талош намуданд, ҳадди ақалл одоби касбӣ то ҷое вақти инъикоси ин мавзӯъ риоя шавад. Ҳарчанд онҳо ҳам баъзан аз номи мақомот ё шахсони баландпоя нисбати боздоштшудаву гумонбарон аллакай тамғаи ҷинояткору террористро задаанд ва бо ҳамин як меъёри бисёр муҳим - эҳтимолияти бегуноҳиро халалдор намудаанд.

Маълум аст, ки дар паи бархӯрди бисёр ваҳшиёнаи мақомоти рус чунин услуби навишт сабук ва баъзан меъёр менамояд. Аммо даҳшатангезтар чизи дигар аст. Бархӯрди "матбуоти зард ё хиёбоние" чун "Комсомолская правда", ки на танҳо ин тамғагузорӣ барои онҳо меъёр аст, балки бархӯрди бисёр беинсофона мекунанд. Ҳамин нашрия аллакай бо пайвандони гумонбаршудагон сӯҳбат карда, аз онҳо бо зикр ё  бе ошкор кардани ном аллакай тӯҳматномаҳои зиёд мебофанд. Ҳатто бархе аз гумонбаронро ба гунае ҷилва медиҳанд, ки гӯё падару модару хешу таборашон аз онҳо рӯ гардонидаанд. Ё аз номи пайвандону дӯстони дар Русия қарордоштаашон, ки шояд аз тарс ҳарчӣ мақомоти рус мегӯянд, такрор мекунанд, айбномаҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ менависанд.

Айни ҳамин кор, дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби тоҷикистониёне сурат мегирад, ки ҷонибдорӣ аз мақомоти рус мекунанд. Ҳоло мебинем шеваи баҳогузории бархе аз фаъолони иҷтимоӣ ва журналистон ҳам акнун дигар шуд. Агар онҳо қаблан ҳодисаро сирф аз нигоҳи "дастгирии як ҳамватан" баҳо медоданд, ҳоло баъзе матолиби худро ҳазф кардаанду акнун даъво мекунанд: "набояд ба ҳодиса шитобкорона баҳо дод", "дастгирӣ аз қотилон ин қотилист" ва мисли ин. Шояд  ба онҳо акнун "дуруст фаҳмонидаанд".

Хулоса, ин ҳодисаи хунин бо ҳазор муаммои худ исбот кард, ки ҳоло на танҳо  журналистикаи тоҷик ва муҳити хабариамон, балки дар маҷмӯъ хеле чизҳои муҳимтар ҳам вобастагии амиқу бештар пайдо кардаанд. Мутаассифона даҳшатноктараш ин аст, ки дар мо андешаи мустақил ҳам пайдо кардан душвор шудааст.

 

Лилия Гайсина, мунаққиди расона

Расонаҳои давлатии Русия ин фоҷиаро қатъиян тибқи шарҳи масъулони расмии худ инъикос карданд. Намояндагони мақомот гуфтанд, ки дар паси ҳамлаи террористӣ Украина қарор дорад ва дар сархати расонаҳо ин нукта инъикос ёфт, мансабдорон дар ин ҳодиса кишварҳои ғарбиро гунаҳкор карданд ва коршиносон дар шарҳи худ бо рӯзноманигорон ин ақидаро тақвият доданд.

То он даме, ки Татяна Москалкова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия дар бораи ғайри қобили қабул будани шиканҷа алайҳи боздоштшудагон ҳарф назад, рӯзноманигорони давлатӣ ба шеваи боздошту интиқоли гумонбарон ба додгоҳ тақрибан таваҷҷуҳ накарданд. Дақиқан як рӯз баъд, Москалкова худро ислоҳ кард: "Мо чунон давлати мутамаддин ва мукаммал дорем, ки тавонистем аз ҷазои худсарона пешгирӣ кунем”. Зимнан, чеҳраҳои шинохта ва расонаии Русия, аз ҷумла нафарони расмӣ, истифодаи шиканҷа алайҳи боздоштшудагонро ошкоро пуштибонӣ карданд.

Лилия Гайсина
Акс аз сомонаи your.tj

Аз сӯйи дигар, нашрияҳои мустақили Русия билофосила таваҷҷуҳро ба он ҷалб карданд, ки наворҳои шиканҷаи боздоштшудагон барои нахустин бор ин қадар ошкоро намоиш дода мешаванд. Рӯзноманигорони ин нашрияҳо тахмин мезананд, ки ин барои Русия чӣ маъно дорад ва ҳатто ба хулосае омадаанд, ки ин фалокатбор хоҳад буд. Аммо ҳамкасбони онҳо аз расонаҳои давлатии Русия онҳоро барои ин баҳс тамасхуромез "либералҳо" номида, аз теъдоди зиёди қурбониёни ҳамлаи террористӣ ёдовар шуданд.

Аслан, агар шумо пайгирӣ кунед, ки ҳарду ҷониб ҳамлаи террористиро чӣ гуна пӯшиш медиҳанд, далелу ақидаҳоро муқоиса кунед, метавонед дарк кунед, ки ин фоҷиа ба Русия чӣ таъсир хоҳад расонд. Аммо, ман ҳамчун як хонандаи расонаҳои Тоҷикистон воқеан дар бораи он ки ин фоҷеа ба кишвари мо чӣ гуна таъсир мерасонад, маълумот надорам. Дар фазои расонаҳои маҳаллӣ бозтоби васеъ мушоҳида намешавад.

Бархе аз рӯзноманигорон дар Тоҷикистон (вале теъдоди онҳо хеле кам аст) кӯшиш мекунанд пурсанд, аз ҷумла саволҳои нороҳаткунанда диҳанд, вале мутаассифона, бисёре аз расонаҳо, коршиносон ва ҳамчунин нафарони афкорофар ва эҳтимол хонанда ҳам зери ибораи “Ин ғайриимкон аст” канора гирифтанро авло медонанд. Ба андешаи ман, ин нодуруст аст, зеро агар пӯшиш ва муҳокимаи умумӣ набошад, посухи саволҳо ҷустуҷӯ нашавад, ин паёмади хуб надорад. Бале, ин сӯҳбати хеле душвор аст, аммо бояд доир гардад.

 

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор

Ҷинояте, ки дар Маскав рух дод, як ҷинояти бузург алайҳи башарият аст ва сарфи назар аз ин, ки омилони он кистанд, маҳкум аст. Аммо расонаҳо набояд дар чунин лаҳзаҳои ҳасос, аз асли рӯзноманигорӣ ва стандарту меъёрҳои ҳирфаӣ дур шаванд, ки эҳсос бар арзишҳои касбӣ пирӯз шавад. Мутассифона, расонаҳои Русия ва ҳам баъзе расонаҳои Тоҷикистон аллакай боздоштшудаҳоро бидуни мурофиаи додгоҳӣ "террорист" унвон карда, асли бароатро риоя накарда, бархеашон як маъракаи бегонаситезиро таҳрик медиҳанд.

Иршод Сулаймонӣ
Акс аз Радиои Озодӣ

Бе қарори додгоҳ пешдоварӣ карда, гумонбарҳоро террорист ном мебаранд. Метавонам сарлавҳаи чанд расонаи русиро биоварам: “Отец террориста Мирзоева рассказал о планах сына вернуться в Таджикистан”, “Жена террориста из «Крокуса» попала в реанимацию”.

Дар Тоҷикистон ҳам буданд расонаҳое, ки натанҳо гумонбаронро террорист ном бурданд, балки даъват карданд, ки онҳоро ба ҷуз “террорист” дигар ном набарем. Забони нафрат “рушд кард” дар ин чанд рӯз ва аз нашри аксҳои ангезандаву ваҳшатзо бидуни ҳушдор фаровон истифода шуд. Таҷриба нишон медиҳад, ки расонаҳо дар ин гуна лаҳзаҳои хос стандартҳои ҳирфаиро бештар зери по мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.